Дар бораи баъзе масъалаҳои вобаста ба коркарди афюн

0
1993

Одатан ҳангоми бо тартиби муқарраргардида сӯзонидани маводи нашъаовар, рӯзноманигорон суол мекунанд, ки “Барои чӣ афюнро месӯзонед, магар намешавад онро барои истеҳсоли доруҳои таскиндиҳандаи дард истифода бурд, ё барои дигар мақсадҳо истифода намуд?”

Ин ҷо якчанд сабабҳо мавҷуданд :

Якум, истеҳсол ва коркарди афюн ба сиёсати давлатии зиддимухаддиротии Тоҷикистон мухолифат менамояд.

Дуюм, Тоҷикистон литсензияи (ҷавоз) (иҷозатномаи) Кумитаи Байналмилалии Назорати Маводи Нашъаоварро барои истеҳсол ва коркарди афюн надорад.

Сеюм, қонунгузории аксари давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон сӯзонидани воситаҳои нашъадор ва маводи психотропиро, ки аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира гардидааст, пешбинӣ намудааст.

Чорум, барои истеҳсоли афюн барои эҳтиёҷоти саноати фарматсевтӣ захираи муайяни афюни тоза, ки ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ мебошад, лозим аст: намуди зоҳирӣ – маводи якхелаи хамирмонанд бе иловаҳои бегона, таркиби намӣ – на зиёда аз 45%, таркиби морфин дар моддаи хушк – на камтар аз 10%, таркиби кодеин – на камтар аз 10%. Афюне, ки аз қочоқчиён мусодира мегардад, одатан бо омехтаҳо мебошад ва ба талаботи технология ҳангоми коркарди он ба морфин ҷавобгӯ намебошад. Инчунин барои истеҳсол намудани доруҳои таскиндиҳандаи дард, таъмини муттасили афюн дар ҳаҷми калон, вобаста аз сатҳи саноат лозим аст.

Кӯкнор танҳо бо литсензияи (иҷозатномаи) расмии Кумитаи Байналмилалии Назорати Маводи Нашъаовар кишт карда мешавад ва то имрӯз ин бозор бо муваффақият ба танзим дароварда мешавад, то ин ки ҳаҷми кифояи афюн барои қонеъ гардонидан талаботи соҳаи тиб дар ҷаҳон истеҳсол карда шавад. Айни ҳол 6 кишвар литсензияи расмии Кумитаи Байналмилалии Назорати Маводи Нашъаоварро барои кишти қонунии кӯкнор ва истеҳсоли афюн барои саноати фарматсевтӣ доранд: Австралия, Франсия, Венгрия, Испания, Ҳиндустон ва Туркия. Онҳо зери назорати қатъии Кумитаи Байналмилалии Назорати Маводи Нашъаовар аз афюн аналгетикҳо истеҳсол менамоянд, ки дар соҳаи анестезиология, масалан барои рафъ намудани дарди беморони саратон ё гузаронидани ҷарроҳӣ хеле зарур мебошанд.

Квотаи байналмилалӣ ба воситаҳои нашъаовар ва маводи психотропӣ – меъёри воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ мавҷуд мебошад, ки аз тарафи Кумитаи Байналмилалии Назорати Маводи Нашъаовари СММ барои кишварҳои аъзои Конвенсияи Ягона оид ба маводи нашъаовари соли 1961 ва Конвенсия оид ба маводи психотропии соли 1971 дар асоси ҳисоби талаботи ҳукуматҳои ин кишварҳо тасдиқ мегардад.

Тибқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо” намудҳои асосии фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор аз тарафи ташкилотҳои давлатӣ дар асоси иҷозатнома ва дар доираи квотаи давлатӣ сурат мегирад. Воситаҳои нашъаовар ва маводи психотропӣ, ки дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд, мутобиқи квотаи давлатӣ ба кишвар ворид карда мешаванд.

Мутобиқи моддаи 24 Конвенсияи ягонаи СММ оид ба маводи нашъаовар соли 1961 агар ягон кишвар нияти оғоз намудани истеҳсоли мавҷудаи афюн дошта бошад ё истеҳсоли мавҷударо зиёд карданӣ бошад, бояд талаботи мавҷудаи ҷаҳониро нисбати афюн мутобиқи ҳисобкунии нашргардидаи Кумитаи Байналмилалии Назорати Маводи Нашъаовар ба назар гирад, то ин ки истеҳсоли афюн аз ҷониби ин кишвар ба истеҳсоли барзиёди афюн дар ҷаҳон оварда нарасонад. Инчунин, ҳукуматҳои ин кишварҳо ба истеҳсоли афюн ё зиёд намудани истеҳсоли мавҷудаи он иҷозат намедиҳанд, агар, ба андешаи онҳо, чунин истеҳсол ё зиёд намудани истеҳсол дар қаламрави онҳо тавонад ба муомилоти ғайриқонунии афюн оварда расонад.

Инак, чӣ гуна ба таври қонунӣ дар давлатҳое, ки иҷозатномаи Кумитаи Байналмилалии Назорати Маводи Нашъаоварро доранд, афюнро истеҳсол менамоянд?

Дар Туркия чӣ гуна афюн кишт мекунанд?

Имрӯз 54% майдонҳои ҷаҳонии кишти кӯкнор ба Туркия рост меояд – соли 2014 дар ин ҷо 70 000 кг афюн истеҳсол гардид.

70 ҳазор фермер дар 13 музофотҳои Туркия кӯкнорро ба таври қонунӣ кишт менамоянд. Маҳз селексионерони туркӣ намудҳои кӯкнорро бо таркиби барзиёди афюн парвариш намуданд, ин намуди соҳибкорӣ дар Туркия оммавӣ мебошад ва решаи он аз империяи Усмонӣ маншаъ мегирад.

Заводи Afyon бузургтарин муассисаи коркарди кӯкнор дар чаҳон мебошад.

Аз рӯи маълумоти Кумитаи зироати ғалладонаи Туркия, қисми зиёди афюни дар Туркия истеҳсол гардида (то 95%), ба таври қонунӣ ба хориҷи кишвар содир карда мешавад, ки дар он ҷо бо ҳадафҳои тиббӣ истифода бурда мешавад, инчунин ба морфий табдил дода мешавад, ки дар навбати худ аз ҷониби табибони баъзе кишварҳои Ғарб барои талаботи соҳаи фармакология истифода бурда мешавад.

Бузургтарин харидори афюн Штатҳои Муттаҳидаи Америка мебошанд, ки 80% талаботи худро барои ба таври қонунӣ истифода бурдани афюн қонеъ мегардонанд ва ин афюн аз Туркия ворид карда мешавад.

Чи гуна дар Ҳиндустон афюн истеҳсол менамоянд

Ба Ҳиндустон дар соли 2014 иҷозат дода шуд, ки 10 000 кг афюн истеҳсол намояд. Дар Ҳиндустон ба “Қонун дар бораи воситаҳои нашъадор ва маводи психотропӣ” ислоҳот ворид карда шуд, ки бо кӯшишҳои муштараки Департаменти андозҳо ва пардохтҳои назди Ҳукумати Ҳиндустон ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ омода карда шуд.

Назорат аз болои кишти кӯкнор ба зиммаи Департамент оид ба маводи нашъаовар – сохтори Вазорати молия вогузошта шудааст. Хазинаи Ҳиндустон ба таври расмӣ бо маблағҳои пулӣ аз ҳисоби истеҳсол ва содироти афюн пур карда мешавад, ин маблағҳо барои хазина хеле муҳим мебошанд, ба мисли истеҳсоли чой, биринҷ, арахис, пахта, доруворӣ, тамоку. Дар штатҳои Уттар-Прадеш, Мадҳайя Прадеш, Раҷастхон мансабдорони давлатӣ ба фермерҳо иҷозатномаи кишти кӯкнорро медиҳанд, аз болои киштзор ва ҷамъоварии афюн назорат менамоянд. Қаблан дар бораи фермерҳое, ки барои гирифтани литсензия талош доранд, маълумот ҷамъ менамоянд: оё ба онҳо бовар кардан мумкин аст, дар атрофи онҳо кадом одамон ҳастанд, оё як қисми ҳосил бидуни анбори давлатӣ намерафта бошад? Ҳокимияти маҳаллӣ талаботро пешгӯӣ менамояд ва квота тақсим менамояд. Фермеронро ҳеҷ кас маҷбур наменамояд, ки кӯкнор кишт намоянд, ба ғайр аз кӯкнор зироатҳои камташвиштар ва сердаромадтар зиёд ҳастанд. Аммо аксарияти фермерҳо афюнро афзалтар медонанд: давлат онро бо нархи устувор ва бо кафолат харидорӣ менамояд.

Бо фермерҳо созишномаи ҳарсола баста мешавад. Дар он андоза ва сарҳади майдони кишти кӯкнор нишон дода шудаанд. Қабл аз он, ки харитаи батафсили қитъа тартиб дода шавад, ҳокимият муайян менамояд, ки се соли охир довталаб заминро чӣ гуна истифода бурд, ба кадом комёбӣ муваффақ гардид. Дар литсензия ҳаҷми эҳтимолии ҳосил ва нархи харидорӣ номбар карда мешавад. Ҳар як деҳа инчунин литсензияи умумиро барои ҳамаи фермерҳо, ки ҳуқуқи кишти кӯкнорро доранд, мегирад. Ба он вазни афюни чидашуда, бо кадом нарх фурӯхта шуд, сабт карда мешавад. Ҳамаи онро роҳбари деҳа (ламбрадор) сабт мекунад. Дар рӯзҳои ҷамъоварии ҳосил ламбрадор барои ҳифзи майдони кишт, ҳосил ва маҳсулот ҷавобгар аст. Рӯзҳое, ки ламбрадор фермерҳоро барои баркашидани ҳосил ҷамъ мекунад ва маслиҳат мекунад, ки дар куҷо баркашии ниҳоӣ сар мезанад ва бо онҳо ҳисобу китоб мекунад, ниҳоят пурэҳсос мебошанд.

Вақте, ки дар майдони кишт тухмиҳои аввалин неш мезананд, мансабдорони маҳаллӣ бодиққат майдонро чен мекунанд, қитъаҳои бақайд нагирифтаро ошкор мекунанд, робитаҳои фермерҳоро мушоҳида менамоянд. Барои он, ки фермер як қисми маҳсулотро пинҳон накунад, коршиносоне, ки намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ мебошанд, ҳосилро бодиққат арзёбӣ менамоянд: ҳаҷм ва ҳолати растанӣ, шароити нашъу намо, хусусияти хоки замин, намуди кӯкнорро ба назар мегиранд. Ҳангоме, ки дар деҳа ҷамъоварии ҳосил оғоз мешавад, намояндагони ҳокимият дар якҷоягӣ бо фермер дар хонааш ҳар як ҳосилро бармекашанд ва вазни онро дар китоби махсус қайд менамоянд. Дар вақти супоридани афюн тозагӣ ва намнокии он тафтиш карда мешавад.

Ҳамаи маҳсулоти шубҳанок ба лаборатория барои ташхиси кимиёвӣ равон карда мешавад. Танҳо пас аз ду моҳи баъди баркашидан ва тафтиш, бо фермерҳо ҳисобу китоб карда мешавад.

Боз кадом давлатҳо афюнро барои ҳадафҳои тиббӣ истеҳсол менамоянд?

Тибқи маърӯзаи Кумитаи Байналмилалии Назорати Маводи Нашъаовар барои соли 2013, Австралия ҳуқуқи истеҳсоли афюнро дорад, ки 50% истеҳсоли қонунии афюнро барои истифодаи морфин, кодеин ва тебаин баррасӣ менамояд – соли 2014 дар ин ҷо 27 630 кг афюн истеҳсол карда шуд. Ҳокимият ҳудудҳои кишти кӯкнор, коркарди консентрати коҳи кӯкнорро қатъиян назорат менамояд

Дар маърӯзаи Кумитаи Байналмилалии Назорати Маводи Нашъаовар оварда шудааст, ки дар Франсия соли 2014 – 12 000 кг афюн, дар Венгрия – 13 500 кг, дар Испания – 16 250 кг афюн истеҳсол гардид.

Маълумотнома: дар Иттиҳоди Шуравӣ зери истилоҳи “кӯкнори афюн” намудҳои ҷанубии кӯкнори хобовар дар назар дошта шуда буд, ки дар таркиби онҳо миқдори зиёди алкалоиди афюн мавҷуд буд, дар навбати аввал морфин, кодеин, тебаин.

Дар Иттиҳоди Шуравӣ афюн асосан дар ноҳияҳои Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Қазоқистон бо иқлими хушк ва тафсон кишт карда мешуд. Корхонаи асосӣ, ки дар давраи шуравӣ афюнро коркард менамуд, заводи кимиёвӣ-фармакологии Чимкент (Шимкент) ба ҳисоб мерафт. Ба ғайр аз доруҳои заҳрдор завод дорувории растаниро – морфий, кодеин, тебаин, алсолин, салсолитсин истеҳсол мекард. Заводи кимиёвӣ-фармакологии Чимкент беҳамто буд, чунки дар Иттиҳоди Шуравӣ коркарди ашёи хоми растанӣ ба алкалоид ва равғанҳои эфирӣ дар чунин ҳаҷм дар ҷойҳои дигар гузаронида намешуд.

Иттиҳоди Шуравӣ ба ҳайати ҳафт кишварҳое, ки СММ расман иҷозати содироти афюнро дода буд, шомил мешуд (6 кишвари боқимонда – Болгария, Юнон, Ҳиндустон, Эрон, Туркия ва Югославия.

Соли 1987 бо қарори Шурои Вазирони ИҶШС кишти кӯкнор дар қаламрави кишвар манъ карда шуд.

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД