Паём-роҳнамо ва дастури муфид барои таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ

0
308

Санаи 11 январи соли ҷорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шахсии Агентӣ ҷаласаи васеи оперативӣ баргузор гардид, ки дар кори он Директори Агентӣ бо маърӯзаи муфассал оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 декабри соли 2018 баромад намуда, вазифаҳои кормандони Агентиро, ки аз ин Паёми Пешвои миллат бармеоянд, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз ҷумла, Директори Агентӣ дастуру супоришҳои Пешвои миллатро дар бораи “бартараф намудани манбаъҳои маблағгузории терроризм, яъне муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир омили муҳими пешрафт дар роҳи мубориза бо ин ҷинояти даҳшатнок ба ҳисоб меравад.” ва дар мавриди “Агентии назорати маводи нашъаовар, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тадбирҳои иловагӣ андешанд.” ба диққати ҳайати шахсӣ расонида, аҳамият ва муҳимияти масъалаҳои мазкурро дар роҳи пурзӯр намудани назорат ва мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар шарҳ доданд.

Ба ғайр аз ин, Директори Агентӣ таъкид намуданд, ки мо уҳдадорем, ки ба иҷрои вазифаҳои дигари аз Паём бармеомада, аз қабили таъмини қонуният, ҳифзи суботи сиёсӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм ва коррупсия диққати аввалиндараҷа диҳем ва барои ҳимояи давлати соҳибистиқлоламон доим омода бошем.

Дар хотимаи ҷаласа Директори Агентӣ тамоми кормандони Агентӣ, хусусан сардорони раёсату шуъбаҳоро вазифадор намуданд, ки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, дар кору фаъолияташон ба роҳбарӣ гирифта, иҷрои саривақтӣ ва бечунучарои онҳоро ташкил ва таъмин намоянд.

 

 

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД