Табрикот

0
1376

Мӯҳатарам истифодабарандагони сомона, дӯстон ва ҳамкорон!

Дар давоми соли 2015 мо шуморо бо фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар соҳаи назорати муомилоти қонунии маводи нашъаовар, мубориза бо гардиши ғайриқонунии он, вохӯриҳо шинос намуда, рӯйдодҳои ҳаррӯзаро, ки дар идораи мо ба вуқӯъ мепайвастанд, инъикос менамудем. Мо аз шумо сипосгузор ҳастем, ки дар давоми сол бо мо будед.

Дар остонаи Соли нав ба ҳамаи шумо бурдборӣ, саломатӣ, ҷомаи амал пӯшидани ҳамаи орзӯҳо ва бахти оилавӣ таманно дорем!

Агар шумо фикру дархостҳои худро нисбати он, ки кадом маводро дар сомонаи мо дар оянда дидан мехостед, ба мо равон мекардед, мо аз ин иқдом бисёр хушнуд мешудем. Ин барои дар оянда рангоранг ва боз ҳам пурмазмунтар шудани маводҳои мо кӯмак мекард.

Боварӣ дорем, ки шумо дар соли 2016 низ бо мо мемонед!

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД