Аз зани нашъаҷаллоб дар Калининград якуним килограмм маводи нашъаовар мусодира гардид

0
1370
C

Кормандони Хадамоти Федералии назорати муомилоти маводи нашъаовари Россия се нафар аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноиро дастгир намуданд, ки бо фурӯши героин дар Калининград машғул буданд.

Тавре дар рафти чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян гардид, ташкилкунандаи пешаи ҷиноӣ сокини 60-солаи маркази вилоят – зани лӯлӣ будааст, ки робитаҳои ҷиноии худро истифода бурда, бо интиқоли героин аз Литва ба вилояти Калинингради Россия машғул будааст. Ӯ героинро ба ҳаҷми хурд тақсим намуда, бо ҳаммаслакони худ ба фурӯш мебаровард.

Кормандони Хадамот дар бораи интиқоли героин ба вилоят иттилоот гирифта, ҳамаи аъзоёни гурӯҳи ҷиноятпешаро дастгир намуданд.

Дар рафти кофтуков аз онҳо яку ним килограмм героини тоза дарёфт гардид.

Айни ҳол ҳамаи аъзоёни гурӯҳи ҷинояткор дастгир гардиданд, тафтишот давом дорад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД