Чорабинии идона дар вилояти Хатлон

0
1546

31 майи соли 2016 дар рӯзи 17-солагии таъсисёбии Агентӣ ҳайати шахсии Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон оиди қайдгирии ин чорабинии идона дар саҳни Раёсат саф оростанд, ки ба он муовини раиси вилояти Хатлон, собиқадорони Раёсат ва намояндагони ВАО даъват шуда буданд.


Сардори Раёсат М. Хайруллозода ҳайати шахсии Раёсатро бо Рӯзи таъсисёбии Агентӣ табрик намуд.

Як идда кормандони Раёсат бо Ифтихорномаҳои Раиси вилояти Хатлон, медалҳо, нишонаҳои сарисинагӣ ва рутбаҳои махсуси Агентӣ сарфароз гардонида шуданд.

Чорабинии мазкур аз тарафи васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон ба навор гирифта шуда, пешкаши тамошобинон гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД