Таҷлили рӯзи Модар дар Агентӣ

0
1293

7 март дар арафаи ҷашни Рӯзи Модар дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он занонро бо ин ҷашни зебо табрик намуданд.

Дар баромадҳо қайд гардид, ки нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳимму арзишманд аст. Инчунин сухан дар бораи болоравии нақшу мақом ва фаъолнокии занон дар ҷомеа рафт, ки ин натиҷаи сиёсати боровари гендерии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Зан-модар давомдиҳандаи насли инсон аст ва инсонҳои бузурги замин дар назди Зан-Модар сар фуруд меоранд, чунки модар бо як даст гаҳвора меҷунбонад ва бо дасти дигар тақдири сайёраро ҳал менамояд.

Дар хотима ба занҳо гул ва тӯҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД