ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР АГЕНТӢ

0
1356

Дар арафаи ҷашни Рӯзи Модар дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он занонро бо ин ҷашни зебо табрик намуданд.
Директори Агентӣ Шерхон Салимзода қайд намуданд, ки нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳимму арзишманд аст. Инчунин сухан дар бораи болоравии нақшу мақом ва фаъолнокии занон дар ҷомеа рафт, ки ин натиҷаи сиёсати гендерии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Изҳори умед карда шуд, ки дар соли равон занони Агентӣ боз ҳам фаъолтар гардида, тамоми нерӯ ва заковати хешро барои рушди фаъолияти Агентӣ равона месозанд.07032017-1

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД