ТАҶЛИЛИ ИДИ НАВРӮЗ ДАР АГЕНТӢ

0
1933

22 март дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Иди Наврӯз баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва ҳайати шахсии Агентӣ иштирок намуданд.
Директори Агентӣ Шерхон Салимзода ҳайати шахсиро бо Иди Навруз табрик намуда, дар баромади худ иброз доштанд, ки ҷашни Наврӯз таърихи бисёр дерина дошта, ойини бедориву хушҳолӣ барои инсоният мебошад. Наврӯз дар Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ эҳё гардида, шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо кард ва ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфт.
Кормандони ҷавони Агентӣ дар баромадҳои худ таъкид доштанд, ки идомаи суннатҳои неки аҷдодӣ, аз ҷумла корҳои ободонӣ, покиза кардану ба тартиб овардани манзили зист, оростани кӯчаву хиёбонҳо имконияти беҳтарини баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон, таблиғи заҳмати созанда ва тарзи зиндагии солим, одобу ахлоқи ҳамида, ҳисси миллӣ ва осоишу пешрафту ободии минбаъдаи кишвари азизамон мебошад.
Як қатор кормандони Агентӣ бо рутбаҳои махсуси навбатӣ сарфароз гардиданд.
22032017-2

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД