Нишасти матбуотӣ  оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар  нимсолаи якуми соли 2018

0
561

Имруз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2018 баргузор гардид, ки дар кори он Директори Агентӣ Шерхон Салимзода, сардорони раёсату шуъбаҳои мустақили Агентӣ, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ ва хориҷӣ иштирок намуданд.

Пеш аз оғози нишаст бо тартиби дар қонунгузорӣ муайяншуда дар ҳузури комиссия аз ҳисоби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ 357 кг 111гр маводи нашъаовар аз рӯи 17 парвандаи ҷиноятие, ки нисбати онҳо мақомоти судӣ ҳукм баровардааст, дар бухории Агентӣ сӯзонида шуд.

Ба намояндагони воситаҳои ахбори омма муаррифинома оид ба фаъолияти оперативӣ-хизматии Агентӣ дар давраи сипаришуда пешниҳод карда шуд. Дар баромади худ Директори Агентӣ Шерхон Салимзода, қайд намуданд, ки дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 т 735 кг 929 гр (с.2017–2 т 365 кг 015 гр) маводи нашъаовар, аз ҷумла: аз ҷониби АНМН – 628 кг 353 гр ё 23 фоиз аз ҳаҷми умумӣ (с.2017 – 370 кг 552 гр), ВКД – 1 т 176 кг 758 гр  ё 43 фоиз аз ҳаҷми умумӣ (с.2017 – 964 кг 616 гр), КДАМ – 859 кг 281 гр ё 31 фоиз аз ҳаҷми умумӣ (с.2017 – 939 кг 669 гр), АНДМ ва МК – 43 кг 340 гр (с.2017 – 70 кг 069 гр) ва Хадамоти гумрук – 28 кг 197 гр (с.2017-20 кг 109 гр) мусодира карда шудааст, ки дар умум нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 370 кг 914 гр ё 15,7 фоиз зиёд мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин давра мусодираи маводи нашъаовар аз ҷониби АНМН 70 фоиз, ВКД 22 фоиз ва Хадамоти гумрук  40,2 маротиба зиёд гардидааст.

Ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар ҷумҳурӣ 536 (с.2017-468) ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ошкор ва ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 68 ҷиноят, ё 14,5 фоиз зиёд мебошад. Аз ин шумораи умумӣ 110 ҷиноят, ё 20,5 фоизи онро Агентӣ ошкор намудааст.

Аз ҷониби кормандони Агентӣ дар давраи ҳисоботӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 628 кг 353 гр (с.2017 – 370 кг 552 гр) маводи нашъаовар, аз ҷумла 5 кг 209 гр героин, 309 кг афюн, 90 кг 534 гр ҳашиш ва 223 кг 752 гр бангдона мусодира карда шуд, ки дар умум нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 257 кг 802 гр ё 69,6 фоиз зиёд мебошад.

Бо мақсади пурзӯр намудани мубориза бар зидди гурӯҳҳои  ҷиноятпеша кормандони Агентӣ чораҳои мушаххас андешида, дар давраи мазкур бевосита фаъолияти 28 (с.2017-22) гурӯҳро дар ҳайати 52 нафар ошкор ва қатъ гардониданд, ки 7-тои онҳо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпешаи трансмиллӣ мебошанд.

Дар самти ошкор ва дастгир намудани ашхоси дар кофтукови байнидавлатӣ қарордошта корҳо ҷоннок карда шуда, 9 (с.2017-2) нафари онҳо дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 7 нафар ё 4,5 маротиба зиёд мебошад.

Дар ин давра аз ҷониби Агентӣ 110 (с.2017-84) ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ошкор ва ба қайд гирифта шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаришуда 26 ҳолат ё 31 фоиз зиёд мебошад. Аз инҳо 58 ҷиноят оид ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш, 7 ҷиноят оид ба қочоқи маводи нашъадор, 7 ҷиноят оид ба гурӯҳҳои муташакили ҷиноятӣ буда, 22 ҷинояти боқимондаро дигар ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ташкил медиҳанд.

Аз ҷониби муфаттишони Агентӣ дар давраи мазкур 61 (с.2017-58) парвандаи ҷиноятӣ нисбати 93 (с.2017-92) нафар бо фикри айбдоркунӣ ба судҳо ирсол  карда шудаанд, ки дар умум 3 парванда, ё 5 фоиз назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Дар ин радиф вобаста ба муносибати ғайриқонунӣ бо маводи нашъаовар 205 (с.2017-113) ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор ва 228 (с.2017-151) нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд, ки шумораи ҳуқуқвайронкуниҳои ошкоргардида нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 92 ҳолат ё 81,4 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ ва давлатҳои хориҷӣ, ки бо мо дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳамкорӣ менамоянд 11 амалиёти муштарак доир гардид, ки аз муомилоти ғайриқонунӣ 403 кг 924 гр маводи нашъаовар мусодира карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо иштироки комиссияи махсус дар бухории Агентӣ бо роҳи сӯзонидан 1 т 590 кг 465 гр маводи нашъаовар несту нобуд карда шуд.

Айни замон 6888 нашъаманд дар қайди расмӣ мебошанд, ки аз онҳо 162 нафарро занҳо ташкил дода, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3,1 фоиз кам мебошад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД