Амалиёти муштарак бо ХДНМН Қирғизистон гузаронида шуд

0
1431

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус аз рӯи усули “таҳвили назоратшаванда” аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек се зан – шаҳрвандони Қирғизистон ва Тоҷикистон дастгир гардиданд, ки аз онҳо 8 кг маводи нашъаовари сахтаъсири героин ёфт ва мусодира гардид.

Дар натиҷаи гузаронидани амалҳои минбаъдаи тафтишотӣ-оперативӣ дар шаҳри Исфара дар хонаи яке аз дастгиршудагон бо истифода аз саги хизматӣ дар махфигоҳ зиёда аз 1 кг героин ёфт ва мусодира гардид.

Бояд қайд намуд, ки ду нафар аз занони дастгиршуда қаблан барои даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар суд шуда буданд.

Айни ҳол тафтишот муайян намуда истодааст, ки дастгиршудагон ният доштанд маводи нашъаовари героинро ба куҷо интиқол диҳанд.

Амалиёт бо иштироки бевоситаи афсари алоқаи Агентӣ, ки зиёда аз ним сол дар шаҳри Оши Қирғизистон фаъолият менамояд, амалӣ гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД