БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ МУШТАРАКИ АМАЛӢ

0
726

3 майи соли 2018 бо ташаббуси лоиҳаи Дафтари СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ  “ХАС/К-22” дар гузаргоҳи сарҳадии «Дӯстӣ» дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон машғулияти муштараки амалӣ оид ба пешгири ва ошкори маводи мухаддири афғонӣ, ки ғайриқонунӣ аз сарҳади давлатӣ интиқол дода мешаванд, баргузор карда шуд.

Машғулиятҳои мазкурро тибқи нақшаи он Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуд, ки дар он намояндагони , Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Ҳамчунин намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳайси мушоҳидачӣ дар рафти машғулият иштирок доштанд.

  Пас аз анҷоми машғулиятҳо вохӯрии ҳайати роҳбарикунандаи лоиҳа аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар рафти вохӯрӣ намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар масоили марбут ба амалисозии ояндаи лоиҳаро баррасӣ намуданд.

DSC_6081

Чунин машғулиятҳои амалӣ баҳри беҳтар намудани ҳамкории ҳайати гузаргоҳҳои сарҳадии «Дӯстӣ», афсарони дафтари ҳамкории сарҳадӣ ва дигар намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар гузаргоҳи сарҳадӣ адои хизмат мекунанд, равона шудааст.

Қайд кардан зарур аст, ки бо ташаббус ва дастгирии Дафтари СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ “ХАС/К-22”- дар 5 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Узбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Дафтари ҳамкориҳои сарҳадӣ таъсис дода шудааст.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД