Баргузории як силсила вохӯриҳо

0
1606

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи ҳамкории дуҷониба бо мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳрҳои Ваҳдат ва Ҳисор, ноҳияҳои Шаҳринав ва Рӯдакӣ баргузории силсилавохӯриҳоро оид ба тағйироту иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарар ва оқибатҳои истеъмоли маводи нашъаовар, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав дар байни истиқоматкунандагони ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор намуда истодаанд, ки чунин вохӯриҳо дар ҷамоату деҳоти Нуъмон Розиқ, Абдулвосиев, Бурунови шаҳри Ваҳдат, Мирзо Турсунзода, Россия, Роҳатӣ, Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати шаҳраки Ҳисор, Деҳқонобод, Дурбати шаҳри Ҳисор баргузор гардиданд.


Дар вохӯриҳо иштирокчиён оид ба зарурати ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Дар рафти вохӯриҳо баромадкунандагон бо шукргузорӣ аз ободии ватани аҷдодии хеш ҳозиринро ҳушдор намуданд, ки аз хатари паҳншавии нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ, оқибатҳои фоҷиабори истеъмоли маводи мухаддир, намудҳои нави маводи синтетикии нашъадор ва ҷалб намудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав эҳтиёткор бошанд.

Дар рафти вохӯриҳо аз тарафи иштирокчиён ба мутахасиссон саволҳо пешниҳод гардида, фикру дархостҳои онҳо оид ба пешгирии ҷавонон аз амалҳои номатлуб шунида шуд.

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории чорабиниҳои мазкурро дар байни истиқоматкунандагони ҳудуди дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба нақша гирифтаанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД