Пешгирии нашъамандӣ дар байни хонандагони пойтахт

0
1967

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 апрели соли ҷорӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони Раёсати занон ва оилаи шаҳри Душанбе, бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактаби таҳсилоти умумии №100 дар ноҳияи Шоҳмансур дар байни волидон ва хонандагони синфҳои болоӣ дар хусуси омилҳои номатлуби нашъамандӣ, ҷинояткорӣ ва бемориҳои сироятии ВНМО вохӯрӣ баргузор намуданд.
Ҳамзамон дар вохӯрии мазкур намояндагон аз КДАМ ва ШВКД-и ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуданд.
Дар анҷоми вохурӣ ба ҳамаи иштирокчиён варақаҳои иттиллотии зиддинашъамандӣ тақсим карда шуданд.
Вохӯрии мазкур тавассути телевизиони “Пойтахт” сабт ва пахш гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД