ГУФТУГӮИ МУСТАҚИМ ДАР ТЕЛЕВИЗИОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД

0
1522

Санаи 8-уми июни соли равон тибқи нақшаи кории Шӯрои вилоятии мутобиқсозии методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди Раиси вилояти Суғд барои соли 2016 дар телевизиони вилояти Суғд бо ширкати намояндаи масъули Раёсати Агентӣ дар вилоят ва муовини сардухтури маркази наркологии вилояти Суғд гуфтугӯи мустақим баргузор шуд.

Сараввал намояндаи Раёсати Агентӣ оид ба фаъолияти тайи панҷмоҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят дар мавриди муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷараёни амалиёти вилоятии «Кӯкнор 2016» ба бинандагон маълумоти муфассал ироа дошт.


Дар бахши саволу ҷавоб бо бинандагон, ки ба таври мустақим сурат гирифт, ба пурсишҳои сершумор ва дахлдори бинандагони телевизиони вилояти Суғд оид ба меъёрҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ ба содиркунандагони ҷиноятҳои вобаста ба мухаддирот, корбасти чораҳои қатъӣ ва амалӣ ба пешгирӣ ва ошкорнамоии ин қабил ҷиноятҳо, ҳамкории Агентӣ ва сохторҳои минтақавии он бо ҳампешагони худ аз мамолики дуру наздик, омилҳои гароиши ҷавонону наврасон ба зуҳуроти нашъамандӣ, нишона ва паёмадҳои ин беморӣ ва сироят аз он бо амрози дигар, усули табобат тариқи табобати ҷойивазкунанда бо дорувории метадон ва тадбирҳое, ки аз тарафи мақомоти давлатӣ баҳри дастгирии иҷтимоии гирифторони бемории нашъамандӣ андешида мешаванд, посухҳои мушаххас ва қонеъкунанда дода шуданд.

Ҳамкории Раёсати Агентӣ бо шабакаҳои телевизиони вилояти Суғд бобати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ба дарки бинандагон расонидани оқибатҳои ҷиноӣ ва зиёнбори «тиҷорати сиёҳ»-и маводи нашъаовар ва падидаҳои нашъамандӣ хуб ба роҳ монда шуда, дар оянда боз ҳам тақвият хоҳад ёфт.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД