Панҷ сол муқаддам вохӯрии нахустини роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротии Афғонистон, Покистон, Россия ва Тоҷикистон баргузор гардид

0
2099

Панҷ сол қабл, 8 декабри соли 2010 дар шаҳри Москва дар доираи иҷрои супоришҳои Президентҳои Афғонистон, Покистон, Россия ва Тоҷикистон вохӯрии аввалини идораҳои зиддимухаддиротии ин давлатҳо баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Вазири мубориза бо маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зарор Аҳмад Муқбил Усмонӣ, Директори генералии нируҳои зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сайид Шакил Ҳусейн, Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров ва Директори хадамоти Федеролии Федератсияи Россия оид ба муомилоти маводи нашъадор Виктор Иванов иштирок доштанд. Дар вохӯрӣ дар бораи тақвияти кӯшишҳои якҷояи муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани трафикҳои маводи мухаддири глобалӣ, табодули иттилоот ва ҳамкорӣ ҳангоми гузаронидани амалиётҳои васеъмиқёси байналмилалии зиддимухаддиротӣ сухан рафта буд.

Натиҷаи вохӯрӣ бо имзо шудани Изҳороти якҷояи роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротии Афғонистон, Покистон, Россия ва Тоҷикистон анҷом ёфт, ки самтҳои зеринро дар бар мегирад:

-табодули ахбори фаврӣ оиди каналҳои трафикҳои маводи мухаддир ва ашхосе, ки дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор даст доранд;

-банақшагирӣ ва гузаронидани амалиётҳои махсус оиди аз байн бурдани кишти растаниҳои нашъадор, лабораторияҳои истеҳсоли маводи мухаддир ва бозорҳои фурӯши маводи нашъаовар;

-таҳияи Стратегияи сиёсати зиддимухаддиротӣ, ки ба аз байн бурдани трафики маводи мухаддири глобалии навъи афюнӣ ва гурӯҳи каннабисӣ нигаронида шудааст;

-табодули усулҳо ва таҷриба дар самти коҳиши талабот ба мухаддирот, реинтегратсия ва эҳёи иҷтимоии ашхоси мубталои нашъамандӣ, инчунин пешгирии нашъамандӣ;

-омӯзонидани кадрҳо, аз ҷумла дар муассисаҳои таълимии ХФНММН Россия, инчунин дар доираи рафтуомади транзитӣ.

Роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротии давлатҳо бо пешниҳоди таҳкими назорат аз болои прекурсорҳои воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ бо роҳи моркбандии (табақабандӣ) онҳо ба Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ муроҷиат намуданд.

Дар вохӯрӣ намояндагони сафоратхонаҳои Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон, ИМА, инчунин СААД ва Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ширкат доштанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД