Корманди Хадамоти назорати муомилоти маводи нашъаовар дар Россия дастгир гардид

0
1433

Дар қаламрави округи мухтори Ханти-Мансии Россия кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ яке аз кормандони Сарраёсати Хадамоти Федералии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар дар округи Ямало-Ненетсро дастгир намуданд.

Аз рӯи иттилои пешакӣ, дар километри 54-уми шоҳроҳи Нефтеюганск-Сургут кормандони Хадамоти Федералии амнияти Россия муовини сардори Шуъбаи байниҳиявии СРХФНММН-ро дстгир намуданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 80 гр героин ошкор гардид.

Маълум гашт, ки дастгиршуда ният дошт героинро ба шахсони нашъаманд фурӯшад. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст. Кофтуков ва корҳои тафтишотӣ давом доранд.

Алоқамандии дастгиршуда ба ҷиноятҳои монанд муайян гардида истодааст.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД