Рамзи ифтихору садоқат

0
238

Санаи 23 ноябри соли ҷорӣ  ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ дар бинои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи идона баргузор карда шуд, ки дар он Директори Агентӣ Шерхон Салимзода ҳайати шахсии Агентиро ба ин санаи мубораку муқаддас табрик гуфта, таманно намуданд, ки парчами давлати мо ҳамчун нишонаи ифтихору сарбаландии миллати тоҷик дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҷовидон парафшон бошад.

Баъд аз садо додани суруди миллӣ, кормандони ҷавон баромад намуда, иброз доштанд, ки Парчами мо ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ таҷассумгари асосҳои таърихиву мероси арзишманди миллӣ, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормони халқи куҳанбунёдамон ба ҳисоб меравад.

Парчами давлати барои мо – тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад.

Қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди арзишманди мардум ва давлати тоҷикон ба шумор рафта, ҳамқадами мантиқии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррификунандаи кишвари мо ба оламиён мебошад.

Тоҷикон парчамро ҳамчун нишонаи нангу номус ва адолату осоиш нигоҳдорӣ мекарданд ва ин аст, ки ниёгони мо парафшон будани парчамро бо сарбаландии ҳар як фард баробар дониста, барои ҳифзи он ва то ба рӯзҳои мо идома пайдо кардани ин суннати аҷдодӣ ҷоннисориҳо кардаанд.

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ хурду бузурги кишварамон парчамро аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ медонанд ва эҳтиром мекунанд.

Дар пояи баландтарин парафшон кардани Парчами давлатӣ рамзи ифтихору садоқат ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги асили куҳанбунёдамон мебошад, ки маҳз дар замони истиқлол ба вуқӯъ пайваст.

Ҳамчунин дар чорабинӣ оид ба таърихи пайдоиш, нақш ва аломат, дар кадом манотиқи ҷаҳон парафшон будани парчами миллии тоҷикон ва дигар мавзӯъҳои ҷолиб байни кормандон суолу ҷавоб ва ибрози ақида карда шуд, ки чорабинии мазкурро хеле хушу хотирмон гардонид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД