Паҳнкунандаи маводи мухаддир, инчунин рабояндаи ҳайвоноти хонагӣ

0
1187

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ маълумоти оперативӣ дастрас намуданд, ки истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар машғул аст. Дар рафти кофтукови оперативӣ дар дохили хонаи истиқоматӣ аз пинҳонгоҳи ҳуҷраи хобаш маводи қоғазпечи полиэтилении сабзчаранг дарёфт гардид. Ташхиси судӣ муайян намуд, ки ин маводи мусодирашуда ба воситаи нашъадори ҳашиш мансуб аст.

Ҳангоми идома додани чорабиниҳои оперативӣ – ҷӯстуҷӯӣ кормандони АНМН маълум намуданд, ки дастгиршуда ба дуздидани ҳайвоноти хонагӣ низ машғул будааст. 23 апрели соли ҷорӣ ӯ бо ҳаммаслаки худ аз оғилхона барзаговро, ки ба истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Роҳатӣ тааллуқ дошт, рабуданд ва дарҳол ба ҳамсояаш – сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Россия ба нархи 1500 сомонӣ фурӯхтанд. Кормандони АНМН ҳаммаслаки ӯро дастгир намуданд.

Маводҳои тафтишотӣ нисбати гумонбаршудагон ба ШВКД – 2 – и ноҳияи Рӯдакӣ фиристода шудаанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД