Вохӯрии минтақавии коршиносон-таҳлилгарон

0
1494

Имрӯз, 1 июн дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар чорчӯбаи Лоиҳаи минтақавии XAC/K22 «Муқобилат ба интиқоли маводи нашъаовар аз Афғонистон тавассути хатсайри шимолӣ тариқи тақвият бахшидани иқтидори нуқтаҳои асосии назоратӣ-гузаргоҳӣ ва созмон додани Офиси ҳамкории сарҳадӣ (ОҲС)» вохӯрии коршиносон-таҳлилгарони идораҳои аъзои лоиҳаи XAC/K22 дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон кори худро оғоз намуд.


Дар назди иштирокчиёни вохӯрӣ бо сухани ифтитоҳӣ муовини якуми Директори Агентӣ Зафар Самад баромад намуд. Дар вохӯрӣ ҳамоҳангсози байналмилалии Лоиҳаи XAC/K22, ёварони менеҷерҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок менамоянд.

Тибқи барномаи Вохӯрӣ иштирокчиён масъалаҳои вобаста ба истифодаи таъминоти барномавии IBM i2 баҳри ҷамъоварӣ намудани мавод барои Офиси ҳамкории сарҳадӣ дар Тоҷикистон, шабакаи ягонаи иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, ташкили ҳамкорӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Қирғизистон мавриди муҳокима қарор хоҳанд дод. Дар рафти вохӯрӣ мавқеи ҳисоботдҳӣ барои Офиси ҳамкории сарҳадӣ дар Тоҷикистон ҷамъбаст карда шуда, тавсияҳо оид ба беҳтар гардонидани фаъолияти таҳлилии Офиси ҳамкории сарҳадӣ коркард мегарданд. Иштирокчиёни вохӯрӣ бо базаи таҷрибавӣ барои Офиси ҳамкории сарҳадии шуъбаи таҳлилӣ-итттилоотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ шинос мешаванд.

Ба ҳайати Офисҳои ҳамкории сарҳадӣ як нафарӣ намояндагони Агентӣ, ВКД, Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ дохил мешаванд, ки вазифаҳои асосии онҳо – ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои вобаста бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бо роҳи мубодилаи иттилоот ва гузаронидани амалиётҳои муштарак, аз ҷумла хислати байналмилалӣ дошта мебошад.

2 июн иштирокчиёни Вохӯрӣ аз Офиси ҳамкории сарҳадӣ дар нуқтаи гузаргоҳи сарҳадии “Дӯстӣ” дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон дидан хоҳанд намуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД