Роҳбари Дафтари Раёсати СММ бо фаъолияти Маркази таълимии Агентӣ шинос гардид

0
2008

16 сентябри соли 2016 роҳбари Дафтари Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон хонум Амелия Ханнафорд бо фаъолияти Маркази таълимии Шуъбаи кадрҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ шинос гардид.

Дар рафти шиносоӣ ва мулоқот бо роҳбарияти Агентӣ натиҷаҳои амалигардонии Барномаҳои таълимӣ ва Низомномаи Маркази таълимии Шуъбаи кадрҳо дар соли 2015, масъалаҳои ташкил ва гузаронидани Курси махсуси ҳарбӣ-хизматӣ дар Маркази таълимӣ бо кормандони ҷавони нав ба кор қабулшуда дар моҳи октябри соли 2016, инчунин курси омӯзишӣ барои кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд дар асоси бандҳои дахлдори қарори Гурӯҳи байналмилалии корӣ барои нимсолаи дуюми соли 2016 мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД