Агентӣ гуфтаҳои Сафири Афғонистон дар Россияро рад менамояд.

0
157

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтаҳои Абдулқаюми Кӯчӣ-Сафири  Афғонистон дар Россияро дар бораи “Мавҷудияти  мафияи  нашъаҷаллоб дар Тоҷикистон”  рад менамояд

Дар нашрияи № 35-уми рӯзномаи Тоҷикистон аз 29 августи соли 2018, мақола таҳти унвони “Мафияи Тоҷикистон аз нашъаи Афғонистон манфиат мегирад” нашр гардидааст. Дар мақолаи мазкур омадааст, ки Сафири  Афғонистон дар Россия – Абдулқаюми Кӯчӣ ба муносибати 99-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Афғонистон дар маркази матбуотии “Россия сегодня” нишасти хабарӣ баргузор намуда, изҳор доштааст, ки “Мафияи байналмилалӣ ҳам дар Тоҷикистон, кишварҳои дигари Осиёи Миёна, Эрон, Покистон ва давлатҳои дигар фаъолият доранд”. Ҳамчунин, қайд намудааст, ки “Маводи мухаддир аз Афғонистон тариқи Тоҷикистон ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва баъдан ба Маскаву Аврупо интиқол меёбад”.

Агентӣ гуфтаҳои Сафири Афғонистон дар Россия – Абдулқаюми Кӯчиро доир ба масъалаҳои болозикр мавриди таҳлил қарор дода, ба ақидаҳои Кӯчӣ розӣ шуда наметавонад ва онро бо назардошти ҳолатҳои зерин қатъиян рад менамояд.

Мусаллам аст, ки Тоҷикистон бо Афғонистон, ки яке аз истеҳсолкунандагони асосии маводи мухаддир дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад дар ҳаммарзии тулонӣ қарор дорад.

Аз ин рӯ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хати қочоқи маводи нашъаовар садди устувор гузоштааст. Дар ин росто, сарҳади давлатӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор мустаҳкам карда шуда, ҳамасола аз 4 то 7 тонна маводи мухаддири дар Афғонистон истеҳсолшуда аз ҷониби мақомоти ваколатдори Тоҷикистон мусодира карда мешавад, ки ин нисбат ба дигар давлатҳои дар масири Шимол қарор дошта якчанд маротиба зиёдтар мебошад.

Ҳамчунин бояд қайд кард, ки ягон нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду соли охир бо ҷурми интиқоли маводи нашъаовар дар ҳудуди Афғонистон дастгир нагардидааст. Баръакс дар ин давра афзоиши дастгиршавии шаҳрвандони Афғонистон дар ҳудуди Тоҷикистон ва ба миқдори зиёд аз онҳо мусодира гардидани маводи нашъаовар бақайд гирифта шудааст.

Бо мақсади пурзӯр намудани мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, муқовимат ба гурӯҳҳои нашъаҷаллоб ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шуморида шуда, гурӯҳҳои ҷиноятпешаи нашъаҷаллоб ошкор ва фаъолияти онҳо қатъ гардонида мешаванд. Дар ин самт танҳо дар якуним соли охир фаъолияти зиёда аз 16 гурӯҳҳои ҷиноятпешаи нашъаҷаллоб ошкор ва қатъ гардонида шудааст.

Натиҷаҳои фаъолияти самараноки мақомоти ваколатдор ҷумҳурӣ боиси он гардиданд, ки дар ду соли охир аз тариқи нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳани Тоҷикистон ягон ҳолати интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар хориҷи кишвар ошкор ва бақайд гирифта нашуданд ва дар ин замина дастгиршавии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар давлатҳои ҳамсоя ва Федератсияи Россия 36 фоиз кам гардидааст.

Чораҳои андешидаи мақомоти давлатии тоҷикистон мусоидат намуданд, ки солҳои пешин ва айни замон тариқи масири Шимол қисми ками маводи нашъадори ғайриқонунӣ дар Афғонистон истеҳсолшаванда интиқол меёбад.

Бо иқрори худи мақомоти ваколатдори Афғонистон ва коршиносони созмонҳои байналмилалӣ, ҳамчунин таҳлилҳои мо нишон медиҳанд, ки танҳо 10 фоизи маводи нашъаовари истеҳсоли Афғонистон тариқи масири Шимол интиқол меёбаду халос. Қисми боқимонда, яъне 90 фоиз маводи мухаддири афғонӣ тавассути дигар масирҳо интиқол меёбанд.

Низоми давлатдорӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон устувор ва самаранок фаъолият доранд, ки ба мавҷудият ва фаъолияти ягон “Мафия дар Тоҷикистон” имкон намедиҳанд.

 

Шуъбаи равобит бо ҷомеаи Ситоди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД