Маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

0
209

4-уми сентябр дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва ҳайати шахсии Агентӣ иштирок намуданд.

Директори Агентӣ Шерхон Салимзода дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар замони истиқлолияти давлатӣ баромад намуда, қайд карданд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дар зарфи бисту хафт соли истиқлолият таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як силсила дастовардҳо, аз ҷумла таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдорӣ ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон ноил гардидааст, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлол ба онҳо вобастагии мустақим дорад.

Инчунин Директори Агентӣ ба ҳайати шахсии хусусан ба кормандони ҷавон муроҷиат карда қайд карданд, ки мо боварию эътимоди комил дорем, ки ҳайати шахсии Агентӣ ҳамчун ватандӯстони асил, малакаю маҳорати касбии худро дар сатҳи баланд нигоҳ дошта, дар ҳифзи манфиатҳои халқу давлат, пойдории сулҳу субот, ба амал баровардани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи Истиклолият ва тамомияти арзии кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Дар навбати худ кормандони ҷавони Агентӣ баромад намуда, иброз намуданд, ки имрӯз мо кормандони ҷавон ифтихор аз он дорем, ки зери сиёсати созанда ва мактаби сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кору фаъолият менамоем ва барои ҳифзи обу хок, боигарӣ ва дороии Ватани худ содиқ буда ва ҳамеша содиқ мемонанд.

Инчунин дар ҷаласа сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Шараф Ҷаббор нафароне, ки бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 27 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони Агентӣ, ки  ду нафар бо мукофотҳои давлатӣ -медалҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардиданд ироа кардашуд.

Ҳамчунин Директори Агентӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси бо рутбаҳои махсуси генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар сарфароз гардидани муовинони Директори Агентиро ба ҳайати шахси эълон намуданд.

Дар хотимаи чорабинии мазкурбарои ҳавасманд намудани ҳайати шахсии Агентӣ ба кормандон рутбаҳои навбатии махсус, медалҳо, нишонҳои сарисинагӣ ва ифтихорномаҳо дар доираи ваколатҳои  Директори Агентӣ сарфароз гардонида шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД