Силсила вохӯриҳои зиддимухаддиротӣ дар ВМКБ

0
1163

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар якҷоягӣ бо намояндагони

Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар байни ҷавонони ноҳияи Шуғнон

мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол доир намуданд, ки ғолибони

мусобиқа бо тӯҳфаҳои хотирмон сарфароз гардонида шудаанд.

Инчунин чорабиниҳои тарбиявию фарҳангӣ дар мактаби миёнаи

таҳсилоти ҳамагонии №8 ва Гимназияи Президентӣ дар ш. Хоруғ баргузор

гардиданд.

Дар чорабиниҳои мазкур толибилмони синфҳои болоии мактабҳои

мазкур саҳначаҳо нишон дода, шеъру сурудҳоро нисбати истеъмоли маводи

нашъадор бо шиори "Нест бод маводи мухаддир!” ва “Ҷавонони Тоҷикистон

тарзи ҳаёти солимро интихоб менамоянд" қироат намуданд. Ҳамзамон

филмҳои ҳуҷҷатӣ оиди суиистеъмол намудани маводи мухаддир намоиш

дода шуданд.

Тариқи Телевизиони Бадахшон барномаи "Диди мусоҳиб" баргузор

гардид, ки дар он намояндагони РАНМН дар ВМКБ ширкат варзиданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД