Силсила вохӯриҳо дар ноҳияҳои ВМКБ

0
1568

Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи “Стратегияи милли мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои солҳои 2013-2020”, аз 5 то 8 декабри соли ҷори кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон як қатор суҳбату вохӯриҳо дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №22, №16, №12 ва №6-и ноҳияи Ишкошим, инчунин дар мактабҳои №7 ва №10-и ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ бо толибилмони синфҳои болои баргузор намуданд. Дар вохӯриҳои мазкур нисбати масъалаҳои сар задани нашъамандӣ, сироятшавӣ ба бемориҳои ВНМО, Гепатит С, содиршавии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва наврасон, ҷалб намудани наврасон ба нашъамандӣ муҳокима гардиданд. Дар охир мутахасисони Агентӣ ба саволҳои иштирокчиёни вохӯриҳо ҷавобҳои мушаххас доданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД