Сарфароз гардидан бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои баланди махсус ба кормандони Агентӣ

0
164

30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 27 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони соҳаи илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо,  мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва коргарону бинокорон, соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва сарбозону афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомӣ, барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни халқҳо, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Ҳамин тариқ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

– муовини якуми Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Самад Зафар Тағой ва муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдарзода Муртазо бо рутбаи махсуси генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар сарфароз гардиданд.

Ҳамчунин сардори Шуъбаи экспертизаи судии Агентӣ подполковники хизмати назорати маводи нашъаовар Кривчикова Лидия Юревна бо Медали “Хизмати шоиста” мушарраф гардиданд.

Дар анҷоми маросими бошукӯҳи мукофотсупорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи кормандоне, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду тараққиёти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ гардиданд, ба ифтихори ҷашни бистуҳафтумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо саломативу сарбаландӣ ва барори кор орзу карданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД