Вохӯрӣ бо сарҳадчиён

0
1223

26 октябри соли 2015 аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ дар яке аз қисмҳои ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ воқеъ дар ш. Хоруғ бо афсарон дар мавзӯи «Қочоқи маводи мухаддир ва прекурсорҳои онҳо” семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.

Дар семинари омӯзишӣ намояндагони Агентӣ оид ба таҳияи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”суханронӣ намуданд. Баъдан ба сарҳадчиён оиди қочоқи маводи мухаддир тавассути сарҳади давлатӣ, навъҳои мухталифи он филми таълимӣ намоиш дода шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи нақшаи алоҳидаи Раёсати Агентӣ дар ВМКБ гузаронидани чунин семинарҳои омӯзишӣ дар хамаи қисмҳои ҳарбии СҚС КДАМ ҶТ дар ВМКБ ба нақша гирифта шудааст.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД