Семинар дар мавзуи мубориза бо маводи нашъадор дар шахри Бишкек

0
1426

Рӯзҳои 10-11 марти соли 2016, дар пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон шаҳри Бишкек бо дастгирии Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид оид ба маводи нашъадор ва ҷинояткорӣ, семинари минтақавӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии рӯзноманигорон дар самти мубориза бо маводи нашъадор ташкил ва гузаронида шуд, ки дар кори он намояндагони агентиҳои иттилоотӣ ва роҳбарони марказҳои матбуотии идораҳои зиддимухаддиротии кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Кирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон, инчунин Эрон, Афғонистон ва Покистон иштирок доштанд.


Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори семинар намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ иштирок намуданд.

Дар рафти семинар масъалаҳои нақши васоити ахбори омма дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар инъикос намудани мавзӯи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, дар ҳалли масоили пешгирии ҷалби ҷавонон ба истеъмоли маводи нашъадор мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Иштирокчиёни семинар диққати асосиро ба коркарди усулҳои нави пешкаш намудани хабару мақола оид ба пешгирии нашъамандӣ, созмон додани рекламаи иҷтимоии зиддимуходиротӣ барои баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии аҳолӣ дар бораи оқибатҳои фоҷиабори истеъмоли маводи нашъадор равон сохтанд, инчунин миёни онҳо мубодилаи таҷриба дар ин самт сурат гирифт.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД