Семинар оид ба стратегияи пешгирии нашъамандӣ

0
1289

Аз 4 то 6 ноябр аз тарафи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Раёсати минтақавии СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ семинари миллии “Стратегияи пешгирии нашъамандӣ ва таҳиягарони сиёсат” ташкил ва гузаронида шуд.

Дар кори семинар намояндагони созмонҳои давлатӣ, байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ, ки бо фаъолияти пешгирӣ ва коҳиш додани зарари нашъамандӣ машғул мебошанд, иштирок намуданд.

Барои гузаронидани семинари миллӣ коршиноси байналмилалӣ Ангелина Бразерхуд – машваратчии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ даъват шуд, ки бо масоили иҷтимоӣ ва тадқиқот дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ машғул мебошад.

Кори семинар ба коркарди интервентсияи самаранок дар соҳаи пешгирии нашъамандӣ ва суйистеъмоли маводи психоактивӣ, инчунин рафтори хавфнок равона гардида буд. Ба иширокчиёни семинар иттилоот дар бораи таҷрибаи ҷаҳонии пешгирии нашъамандӣ ва стандартҳои баҳогузории чорабиниҳои пешгирикунанда пешниҳод карда шуд.

Дар рафти семинар иштирокчиён роҳҳои пурзӯр намудани иқтидор дар соҳаи ҷамъоварии мавод, баҳогузорӣ ва ҳамоҳанг сохтани ҳамкорӣ дар соҳаи пешгириро муҳокима намуданд.

Дар хотима аз рӯи пешниҳодҳои иштирокчиён нақша тартиб дода шуд, ки тибқи он гурӯҳи корӣ барои тартиб додани стандартҳои миллӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ дар чорчӯбаи стратегия ва барномаҳои пешгирии истеъмоли маводи нашъаовар созмон дода мешавад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД