Маҷлис доир ба Даҳсолаи байналмилалии амал

0
1054

25 августи соли 2017 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлис доир ба Қабули Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 баргузор гашт.
Қайд гардид, ки маҳз бо ташаббуси Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигари ҷаҳон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид солҳои гуногунро Соли байналмилалии оби тоза, Даҳсолаи байналмилалии амали «Об барои ҳаёт» барои солҳои 2005-2015 ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон кардааст.
Бинобар ҳамин, ташаббуси нави Тоҷикистон оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалӣ таҳти унвони «Об барои рушди устувор» заминаи мусоиди таҳкими нақши об дар раванди ноил гаштан ба дигар ҳадафу мақсадҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашударо фароҳам оварда, ба ҳамкории бештару зичтари давлатҳо дар соҳаи об мусоидат менамояд.IMG_3982

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД