Маҷлис бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
878

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлис баргузор гардид, ки дар он Директори Агентӣ генерал-лейтенанти адлия Шерхон Салимзода, муовинон, сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо ва ҳайати шахсии Агентӣ иштирок намуданд.

Дар баромади Шерхон Салимзода таъкид гардид, ки имрӯзҳо мардуми  шарафманди Тоҷикистон 25-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Истиқлолият ва соҳибихтиёрии воқеии давлати Тоҷикистон, таъсис ва барпо намудани яке аз рукнҳои асосии он – Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи заҳматҳо ва ибтикороти шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуҷуд омадааст.

Маҳз бо дастгирӣ ва ғамхории Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон артиши миллӣ имрӯз ба як неруи тавоно ва замонавӣ табдил дода шуд, ки соҳиби техникаи ҳарбии пурқувват, биноҳои маъмурии замонавӣ, таълимгоҳҳои муҷҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир, машқгоҳҳо ва мутахассиони баландпояи ҳарбӣ мебошад.

Инчунин дар маҷлиси тантанавӣ муовини Директори Агентӣ Муртазо Ҳайдарзода дар мавзӯи “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди давлат” баромад намуд.

Роҳбарияти Агентӣ ҳайати шахсиро ба хизмати софдилонаю содиқона даъват намуда, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои давлату миллат, садоқат ба халқу Ватан, иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи касбиро дар мадди аввал гузошт.

Як қатор афсарон бо рутбаҳои навбатии махсус, медалҳои ҷашнӣ, нишонаҳои сарисинагӣ, ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД