Маҷлис бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
1716

23 феврал дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлис баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Агентӣ, сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо ва ҳайати шахсии Агентӣ иштирок намуданд.
Дар баромади афсарони Агентӣ таъкид гардид, ки имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистон 24-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд.

Маҳз бо дастгирӣ ва ғамхории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон артиши миллӣ имрӯз ба як неруи тавоно ва замонавӣ табдил дода шуд, ки соҳиби техникаи ҳарбии пурқувват, биноҳои маъмурии замонавӣ, таълимгоҳҳои муҷҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир, машқгоҳҳо ва мутахассиони баландпояи ҳарбӣ мебошад.
Роҳбарияти Агентӣ ҳайати шахсиро ба хизмати софдилонаю содиқона даъват намуда, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои давлату миллат, садоқат ба халқу Ватан, иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи касбиро дар мадди аввал гузошт.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД