Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар вилояти Хатлон

0
1659

Дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъаовар баргузор гардид. Дар он Раиси Шӯрои ҳамоҳангсоз муовини Раиси Шӯро, Сардори РАНМН-и назди Президенти ҶТ ва Сардори Раёсати тандурустии вилоят, инчунин раисони Шӯрои ҳамоҳангсозии ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Раиси Шӯрои ҳамоҳангсоз ҷаласаро оғоз намуда ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа ва тартиби гузаронидани он шинос намуд.

Дар рафти баромад оид ба масъалаҳои пешгирии нашъамандӣ, истеъмоли ғайритиббии маводи нашъаовар, зиёд шудани беморони нашъаманд ва гирифтани пеши роҳи ин амали номатлуб мариди муҳокима қарор гирифт.

Дар охир иштирокчиёни ҷаласа таклифу дархостҳои худро пешниҳод намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД