Барпо кардани оилаи солиму устувор

0
1267

Сарвари давлат соли 2015-ро соли оила унвон карданд, ки яке аз пояҳои аслии устувории оила – ин пешбурди тарзи ҳаёти солим мебошад. Бинобар ин аз худи ҳозир барои барпо кардани оилаҳои солиму устувор заминагузорӣ карда, аз аъмоли ношоиста ва кирдорҳои нописанд бояд худдорӣ намуд.

Аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бобати ҷоннок намудани корҳои пешгириву фаҳмондадиҳӣ аз паёмадҳои нашъаҷалобиву нашъамандӣ, пайвастани ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатхои ифротиву террористӣ дар байни табақаҳои мухталифи аҳолӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешавад.

13 май дар ҳузури донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров намояндагони Раёсати Агентӣ оид ба рафти иҷроиши «Стратегияи миллӣ мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», татбиқи «Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017», ҳолатҳои сироятёбӣ ба вируси норасоии масъунияти одам аз ҳисоби нашъамандии тазриқӣ нутқи муфассал эрод намуданд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ ба саволҳои пешгузошта ҷавобҳои қонеъ дарёфт намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД