Иттилооти Агентӣ

0
1410

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот медиҳад, ки дар рафти баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дастгир гардиданд, ки ният доштанд ба таври қочоқ ба қаламрави Тоҷикистон симобро

дар шаш дона борбанди заводӣ бо вазни ҳар кадом 30 килограммӣ ворид намоянд. Вазни холиси симоб 179 кг 800 граммро ташкил менамояд. Симоб дар комбинати Ҳайдаркани Ҷумҳурии Қирғизистон истеҳсол гардидааст.

Аз рӯи аҳди дутарафа ҳамаи маводҳои парвандаи мазкур барои баррасии тафтишоти минбаъда ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон равон карда шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД