Чорабинӣ оиди муомилоти қонунии прекурсорҳо

0
1723

Аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии қочоқи прекурсорҳо ва вайрон накардани қоидаҳои муомилоти қонунии онҳо бо устодони кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, мутахассисони ҶДММ “Тоҷик Чарм” ва ҶСП “Нафтугаз” корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд. Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби мутахассисони Агентӣ доир ба иҷозатномакунонии фаъолияти корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо, ки дар фаъолияти худ прекурсорҳоро истифода мебаранд, фаҳмонида дода шуд.

Ҳамчунин, шарту талаботҳои иҷозатномадор ҷиҳати пешниҳоди ҳисобот дар бораи нигоҳдошт, қабул ва истифодаи прекурсорҳо тибқи шакли тасдиқгардида фаҳмонида дода шуд.

Баргузории чунин вохӯриҳо дар дигар корхонаҳои истифодабарандагони прекурсорҳо идома дорад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД