Кормандони Агентӣ дар вилояти Хатлон миқдори калони маводи нашъаовар ва туфангча мусодира намуданд.

0
1126

Санаи 22 ноябри соли 2015 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сокини 30-солаи вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва як нафар шаҳрванди 23-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони даст доштан ба муомилоти ғайри қонунии маводи нашъаовар дастгир гардиданд.

Дар натиҷаи гузаронидани кофтукови шахсӣ аз онҳо рӯймоли афғонӣ, ки дар дохилаш се баста бо маводи хамирмонанди бӯи махсус дошта, як адад халта дар дохилаш маводи чоркунҷашакли бӯи махсус дошта ва як адад туфангчаи тамғаи “Беретта” бо ду адад тирдонаш ва ҳафт дона тир дарёфт гардид.

Тавре мутахассисони Шуъбаи Экспертизаи судии Агентӣ муайян намуданд, маводи мусодирашуда 5кг 732 гр афюн ва тахминан 11 кг ҳашиш мебошад.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Дастгиршудагон ба ТНМ Агентӣ ворид карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД