Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои зиддинашъамандӣ оғоз гардиданд

0
1223

Бо мақсади татбиқи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 сентябр дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҷиргатол, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод, Файзобод, шаҳрҳои Роғун ва Турсунзода чорабиниҳои зиддинашъамандии оммавӣ-фарҳангӣ ва варзиширо оғоз менамоянд.

Мақсади баргузории чорабиниҳо – тарғиби тарзи ҳаёти солим, ташаккул додани муносибати манфӣ нисбати истеъмоли маводи мухаддир мебошад.

Рӯзи 19 сентябр чунин чорабинӣ дар ноҳияи Ҷиргатол бо иштироки мактаббачагон, донишҷӯёни мактабҳои махсус, намояндагони табақаҳои мухталифи аҳолӣ баргузор мегардад.

Гузаронидани чунин чорабиниҳо дар моҳи октябри соли ҷорӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД