Кормандони Агентӣ зиёда аз 50 кг маводи нашъаовар мусодира намуданд

0
1204
C

Аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, ки бо интиқоли маводи нашъаовар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тавассути вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва баъдан берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ машғул буданд, қатъ гардид.

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус дар се марҳила дар шаҳрҳои Душанбе ва Чкаловск чор нафар аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ – ду нафар сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, як нафарӣ сокинони Душанбе ва вилояти Хатлон дастгир гардиданд. Аз онҳо дар ҳаҷми умум маводҳои нашъаовари гашиш дар ҳаҷми 52 кг, героин – 2 килограмм ва 113 ҳаби психотропӣ мусодира гардид.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи Шуъбаи тафтишоти Раёсати Агентӣ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қ.4 КҶ ҶТ «Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон» оғоз гардидааст ва тафтишот давом дорад.

Боздоштшудагон ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд ворид карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД