Сотрудники Агентства в Дарвазском районе изъяли наркотики

0
1476

Шабонарӯзи гузашта кормандони зершуъбаи дар ноҳияи Дарвоз будаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ дар мавзеи Туғаки деҳаи Сангеви ноҳияи Дарвоз сокини деҳаи Ёгедро бо гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир намуданд.


Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурда ду адад борхалта, ки дар дохилашон 31 баста бо маводи хамирмонанди ҷигариранг мавҷуд буд, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Тибқи хулосаи лабораторияи экспертизаи судии Раёсат, маводи мусодира шуда афюн буда вазни умумии он 26 кг 923 граммро ташкил менамояд.

Нисбати ин ҳодиса аз рӯи моддаи 200 қ. 4 Кодекси ҷиноятии ҶТ “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон” парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

Айни ҳол чорабиниҳои оперативӣ барои муайян намудани шахсияти шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистон, ки ба ҷинояти мазкур алоқамандӣ доранд, гузаронида мешаванд.

Боздоштшуда ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ ворид карда шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД