Кормандони Агентӣ дар доираи амалиёти “Кӯкнор-2016” зиёда аз 40 ҳазор бех банги худрӯйро нобуд сохтанд

0
1557

Ба мақсади амалӣ намудани “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ҳамасола дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила – аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябр амалиёти «Кӯкнор» гузаронида мешавад.

Барои амалӣ намудан, назорат ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ дар ш. Душанбе, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ситодҳои корӣ ташкил гардидаанд.


Дар марҳилаи аз 20 май то 14 июни соли ҷорӣ дар рафти гузаронидани марҳилаи якуми амалиёти ҷумҳуриявии “Кӯкнор-2016” оид ба ошкор ва нобуд сохтани майдонҳои бангдонаи худрӯй кормандони раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар заминҳои нокорами хоҷагиҳои деҳқонии шаҳрҳои Конибодом, Исфара, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ ба миқдори 40 ҳазору 408 бех растаниҳои худрӯйи бангдонаро ошкор намуданд.

Мутобиқи хулосаи лабораторияи экспертизаи судӣ ниҳолҳои ошкоршуда растании каннабис буда, дар таркиби онҳо маводи нашъаовари «тетрогидроканнабинол» мавҷуд мебошад.

Дар ҳузури комиссияи махсус ниҳолҳои ошкоршуда решакан ва бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД