Дар шаҳри Ваҳдат се шаҳрванд бо маводи нашъаовар дастгир гардиданд

0
1578

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Ваҳдат се нафар шаҳрвандонро дастгир намуданд, ки аз онҳо ҳашт адад печидаҳои полиэтилении дорои маводи бӯи махсус дошта ёфта гирифта шуд.

Чӣ тавре, ки ташхиси экспертӣ нишон дод, маводи мусодирашуда воситаи нашъадори навъи гашиш буда, вазни он 250,5 грамм-ро ташкил менамояд.

Аз тарафи Шӯъбаи тафтишоти Агентӣ аз рӯи аломатҳои ҷиноятҳое, ки бо қ 3 моддаи 200 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

Боздоштшудагон ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД