Кормандони Агентӣ нашъаҷаллобонро бо миқдори калони маводи нашъаовар дастгир намуданд

0
1680

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти навбатӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар шаҳри Душанбе нашъаҷаллобонро бо миқдори калони маводи нашъаовар боздошт намуданд.

Кормандони Агентӣ маълумоти оперативӣ гирифтанд, ки ду нафар сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ ният доранд маводи нашъаоварро аз вилояти Хатлон тавассути пойтахт ба вилояти Суғд, баъдан берун аз ҷумҳурӣ ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия интиқол диҳанд.


Барои ҷилавгирӣ намудан аз ин нияти нопок аз тарафи кормандони фаврии Агентӣ дар пойтахт амалиёти махсус ташкил ва гузаронида шуд. Дар кӯчаи Неъмат Қаробоев ду нафар нашъаҷаллоб дастгир карда шуда, аз онҳо як дона сумкаи варзишӣ мусодира гардид, ки дар дохили он 11 адад бастаи печида бо маводи бӯи махсус дошта мавҷуд буд.

Тавре мутахассисони Шуъбаи экспертизаи судии Агентӣ муайян намуданд, маводи мусодирашуда воситаи нашъадори гашиш бо вазни 10 кг 220 грамм мебошад.

Айни ҳол аз тарафи кормандони оперативӣ чораҳои зарурӣ барои муайян ва боздошт намудани аъзоёни боқимондаи гурӯҳ, ки бо интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар машғул буданд, андешида шуда истодаанд.

Нисбати ин ҳодиса аз рӯи моддаи 200 қ. 4 – “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон” парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст ва тафтишот идома дорад.

Боздоштшудагон ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД