Кормандони Агентӣ тахминан 14 кг маводи нашъаовар мусодира намуданд

0
1127

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи гузаронидани ду амалиёт аз муомилоти ғайриқонунӣ тахминан 14 кг маводи нашъаоварро мусодира намуданд.
15 октябр аз ҷониби кормандони Раёсати Агентӣ дар ВМКБ дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар минтақаи наздисарҳадии Майдонаки ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон шаҳрванди 30-солаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зоҳир валади Паҳлавон дастгир гардид. Номбурда аз камераи автомашина истифода бурда, сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуд ва ба қаламрави Тоҷикистон маводи нашъаоварро ба тариқи қочоқ интиқол намуд. Аз номбурда 20 адад бастаи чоркунҷашакл бо маводи бӯи махсус дошта дарёфт ва мусодира гардид.
Мутобиқи маълумотномаи Шуъбаи экспертзиаи судӣ маводи дарёфтшуда гашиш буда, вазни он 9 кг 215 граммро ташкил намуд.
Аз рӯйи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 335, 289 ва 200 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст.
Дастгиршуда ба тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ дар ВМКБ ворид карда шуд.
Инчунин аз тарафи кормандони Агентӣ ҳангоми гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар назди истгоҳи автомобилии Душанбе-Турсунзода шаҳрванди Тоҷикистон дастгир гардид, ки дар даст сумкаи варзишӣ бо маводи сахткардашуда дошт.
Мутахассисони Агентӣ муайян намуданд, ки маводи мусодирашуда гашиш буда, вазни он 4 кг 775 граммро ташкил менамояд.
Дар рафти тафтишоти пешакӣ аз рӯи нишондоди дастгиршуда ҳаммаслки ӯ дастгир гардид. Муайян карда шуд, ки ҳар ду донишҷӯёни матабҳои олии Тоҷикистон мебошанд ва маводи нашъадорро аз шаҳрванди Афғонистон барои ба фурӯш баровардан харидорӣ намудаанд.
Чораҳои зарурӣ барои муайян ва дастгир намудани шаҳрванди Афғонистон андешида шудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД