Кормандони Агентӣ кӯмаки хайриявии навбатӣ расониданд

0
1586

Аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бахшида ба Иди Наврӯз ба бошандагони хона-интернат барои маъюбон ва пиронсолони “Батош”-и ноҳияи Турсунзода кӯмаки хайриявии навбатӣ расонида шуд.
Дар асоси Дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи расонидани кӯмаки моддӣ ба ятимон, маҷрӯҳон, собиқадорони ҷангу меҳнат, хона-интернатҳо, хонаводаҳои эҳтиёҷманд” аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хона-интернат барои маъюбон ва пиронсолони “Батош”-и шаҳри Турсунзода мунтазам кӯмаки моддӣ расонида мешавад.
Бояд гуфт, ки Агентӣ сарпарастии хона-интернати мазкурро ба зимма гирифта, дар ҳар иду арафа кумакҳои пулию молӣ мерасонад. Дар соли 2016 ба бошандагони хонаи пиронсолон зиёда аз 30 миз ва 180 курсӣ барои ошхона тақдим карда шуда буд. Ин даъфа низ кормандони Агентӣ ба бошандагони хонаи пиронсолон дастурхони идона ороста, зиёда аз 20 маҷмӯи катҳои хоб ва мошинаи ҷомашӯӣ тӯҳфа намуданд.
Хотиррасон менамоем, ки хонаи пиронсолони “Батош” соли 1972 кушода шуда буд ва айни ҳол ҷои зисти муқими зиёда аз 170 нафар бошанда аз синни 18 то 95-сола аз тамоми ҷумҳурӣ мебошад.
70420174-1

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД