Кормандони Агентӣ ихтисоси худро дар шаҳри Санкт-Петербург такмил доданд

0
1106

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар кори курсҳои дуҳафтаинаи бозомӯзӣ дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари Россия, воқеъ дар ш. Санкт-Петербург, инчунин дар конфронси илмӣ-амалии “Муносибатҳои муосир дар офиятбахшии истеъмолкунандагони маводи нашъаовар дар Россия ва кишварҳои хориҷӣ” иштирок намуданд.

Курсҳои мазкур барои ҷузъу томҳои таҳлилии вазорату идораҳои кишварҳои ИДМ, ки бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мубориза мебаранд, ташкил карда шуданд.

Мавзӯҳои мубрами рӯз аз қабили “Сарчашмаҳои иттилоотии дар мубориза бар зидди маводи мухаддир истифодашаванда”, “Коркард ва таҳлил намудани маълумот”, “Ҳамкории байналмилалӣ ҳангоми тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир”, “Баҳодиҳии вазъи нашъамандӣ” омӯзонида шуданд.

Дар охири курси омӯзишӣ мизи мудаввар бахшида ба мавзӯҳои гузашта баргузор гардид.

Ба иштирокчиёни курсҳо сертификатҳо супорида шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД