Кормандони Агентӣ дониши милитсияро оид ба маводи нашъаовар такмил медиҳанд

0
1241

Аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ барои ҳайати шахсии шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои тобеи марказ семинари омӯзишӣ гузаронида шуд. Семинарҳои мазкур дар чорчӯбаи нақшаи баланд бардоштани сатҳи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ва истеъмоли воситаҳои нашъадор ташкил карда шуд.

Дар рафти семинар ба иштирокчиёни он иттилоот оид ба вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон ва минтақа, масирҳои асосии интиқоли маводи нашъаовар, қонунгузорӣ, истилоҳоти вобаста ба муомилоти маводи нашъаовар, намудҳои нави маводи нашъаовар пешкаш карда шуд.

Семинар дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ваҳдат гузаронида шуд. Гузаронидани семинар дар ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода ба нақша гирифта шудааст.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД