КОРМАНДОНИ АГЕНТӢ АЗ АЗ ТЕАТР ДИДАН НАМУДАНД

0
1228

Ҳар инсоне, ки Ватани худро дӯст медорад, бояд арзишҳои фарҳангӣ ва маънавии онро донад, қадр ва арҷгузорӣ кунад.

Кормандони Дастгоҳи марказии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади,

васеъ кардани ҷаҳонбинӣ, мукаммал гардонидани сатҳи маънавӣ ва фарҳангии худ, 12 феврал ба Театри Академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ташриф оварданд.

Ба тамошобинон баромадҳои консертӣ аз рӯи асарҳои бастакорони классикии ҷаҳонӣ ва эҷодкорони тоҷик намоиш дода шуданд.

Дар хотимаи консерт ба ҳайати эҷодии театр сабади гул бо сипосгузории кормандони Агентӣ супорида шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД