Кормандони Агентӣ дар вохӯрӣ дар шаҳри Вена иштирок намуданд

0
2252

9-10 июни соли 2016 дар доираи Лоиҳаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ “Мониторинги савдои афюни афғонӣ” дар ш. Вена вохӯрии техникӣ оид ба омодасозии тадқиқоти “Муомилоти ғайриқонунии афюни афғонӣ тариқи масири шимол” баргузор гардид, ки дар кори он намояндагон аз давлатҳои Осиёи Марказӣ, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилотии Осиёи Марказӣ (ММҲИОМ), ташкилотҳои байналмилалӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.


Дар вохӯрӣ иштирокчиён оид ба самтҳои интиқоли маводи нашъадор аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба воситаи дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Федератсияи Россия, мусодираи маводи нашъадори гурӯҳи афюнӣ, ошкори ҷиноятҳои мухаддиротӣ ва оид ба вазъи нашъамандӣ дар минтақа маълумот пешниҳод намуданд..

Намояндагони давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ доир ба ҳалли мушкилот ва гузаронидани тадқиқоти талабот ва истеъмоли маводи нашъадори гурӯҳи афюн дар қад-қади масири шимол фикру мулоҳизаҳои худро барои амалҳои оянда пешниҳод намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД