Кормандони Агентӣ дар тамошои Паём иштирок намуданд

0
1570

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлисии Олии кишвар иштирок намуданд.

Зимни ироаи паём Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли оянда муайян намуда, дар баробари дигар масъалаҳои муҳим ба Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумрук вазифагузорӣ намуданд, ки бо мақсади пурзӯр намудани мубориза бар зидди воридшавии маводи мухаддир ба кишвар ҳамкориро байни ҳамдигар, инчунин, ҳамгироии фаъолияти мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷие, ки бо мо дар ин самт ҳамкорӣ менамоянд, вусъат диҳанд.

Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, ҷомеаро ба фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъват менамояд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД