Кормандони Агентӣ семинари омӯзишӣ гузарониданд

0
1110

Аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бо дастгирии ташкилоти байналмилалии “Фидокор” ва ташкилоти ҷамъиятии “Хуршед” дар мактаби таҳсилоти умумии №11 семинари омӯзишӣ дар байни хонандагони синфҳои болоӣ ва падару модарони онҳо баргузор карда шуд.

Дар семинар инчунин намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯҳшиносон ва ҳуқуқшиносон иштирок ва баромад намуданд.

Кормандони Агентӣ оид ба бунёди оилаи солим, ки ин оила метавонад пойдории ҷомеаи солим бошад ҳарф зада, ҷавононро даъват намуданд, ки нагузоранд, то ашхоси дигар бо тақдири онҳо ҳукмронӣ намояд. Ба суханони ҳар афроди ҷудоиандоз гӯш наандозанд, ба пешниҳоди истифода ва истеъмоли ҳаргуна маводҳои шубҳанок ё ҳабҳое, ки дар бораи он маълумот надоранд қатъиян “не” гуфта тавонанд, кафили солимии хеш ва бунёдгари ҷомеаи солим гарданд.

Дар охири семинар филми мустанаде, ки ташкилоти ҷамъиятии “Хуршед” дар бораи ҳаёти кӯдакони душвортарбия ва онҳое, ки аз тарбияи падару модар дур мондаанд бо номи “Дидаи умед ” намоиш дода шуд.

Падару модарони мактаббачагон барои худ нисбати тарбияи волидайн дастури муфид гирифтанд

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД